Соҳибназарон мегӯянд, касбу кор тайи даҳсолаҳо дар Русия сарнавишти бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷикро тағйир додааст ва ҳоло ҳунарҳои онҳо дар Русия ва баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон низ бозори гарм дорад.
Назирҷон, сокини ноҳияи Рашт, мегӯяд, ӯ аз хурдсолӣ ба таҷҳизоти техникӣ ва радиову телевизион дилбастагии хос дошт. Вале баъд аз хатми мактаб натавонист дар ин ришта ба донишгоҳ дохил шавад. Бинобар ин маҷбур шуд, муҳҷирати корӣ ба Русияро пеш бигирад.
Назирҷон меафзояд: "Бисёр вақт фикр мекардам, ки чӣ хел касб ёд гирам. Насибам гашт, ки як одам аз ҳамсояқишлоқ ба ман шинондани антенаҳои моҳвораиро омӯзонданд. Ҳамин касбам ба ман ҳозир баъд аз бозгашт кӯмак карда истодааст. Ёрдами бисёр мерасонад".
20 соли муҳоҷирати корӣ
Муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия дар миёнаҳои солҳои 1990-ум шурӯъ шуд. Дар қадами аввал онҳое ба муҳоҷират рӯ оварданд, ки дар Русия таҳсил карда буданд ва дар он ҷо дӯстони донишҷӯ доштанд. Сипас баъзе аз хатмкунандагони донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ба умеди пайдо кардани кори беҳтар дар риштаи худ ба онҳо пайвастанд.
Вале бекориву нодорӣ қишрҳои дигари ҷомеаи Тоҷикистонро низ ба муҳоҷират водор кард. Руслан Алишерови ҷавон, сокини ноҳияи Ёвон, аз ҳамин қишри ҷомеа буд. Вай соли 2005 вақте, ки ба Русия омад, ҳеҷ касб ё ихтисосе надошт. Вале баъд аз талошҳову ҷустуҷӯҳо дар як корхонаи мебелсозӣ дар Маскав ба шогирдии устое даромад ва ду моҳ аз вай кор омӯхт.
Руслан мегӯяд: "Дар муддати ду моҳ хеле чизе, ки вай медонист, ба ман ёд дод. Ман мебелсозиро ёд гирифтам ва мустақилона корро сар кардам. Ҳоло ба дигар фирмаи мебелсозӣ рафтам. Дар он ҷо мустақилона кор мекунам, бачаҳоро ба кор қабул карда, бо онҳо кор мекунам".
Руслан мегӯяд, вай ҳоло дар риштаи худ ба яке аз донишгоҳҳои техникии Маскав низ дохил шудааст ва ҳамзамон бо кор таҳсил мекунад, то дар оянда касби худро такмил диҳад ва кораш аз даст наравад. Гузашта аз ин, вай дар Ёвон ба падару модараш низ кӯмаки молӣ мерасонад.
Мардикорони сермуштарӣ
Раҳматуллоҳ Мазориев, раиси ҷамъияти тоҷикон дар минтақаи Перм, мегӯяд, гурӯҳе аз ҷавонон бо касби дуредгарӣ ба Перм омада буданд. Ба гуфтаи Мазориев, онҳо касби худро дар ин ҷо сайқал доданд ва ҳоло бозори кори онҳо гарм аст ва миллатҳои дигари сокини ин минтақа муштариёни онҳо мебошанд:
Ҷаноби Мазориев меафзояд: "Миллатҳои тотору бошқирд ё доғистониҳову ингушҳо мехоҳанд хонаҳои худро ба намуди шарқӣ оро диҳанд. Ҳоло устоҳои мо хуб кор карда истодаанд ва маблағҳои хуб ҳам мегиранд. Мо ҳам кӯмак мекунем. Ман ҳатто ба сомонаҳои интернетии устоҳои Самарқанду Бухоро дохил шуда, намунаҳои қадимии кандакорӣ ва нақшу нигори хонаҳоро ба онҳо пешкаш мекунам. Ҳоло аз рӯи намунаҳо ҳам кор мекунанд. Касбашон ҳам равнақ ёфтаааст".
Муттааассифона, на ҳар муҳоҷири кории тоҷик дар Русия мисли ин афрод соҳиби касбе ё коре ҳаст, ки битавонад бо кори худ ё ҳунару касби худ дар бозори кори Русия дар оянда рақобатпазир бошад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, таҷрубаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки равандҳои муҳоҷират ҳамеша тағйир меёбад. Кишварҳое, ки муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷиро қабул мекунанд, мехоҳанд нируҳои варзидаи корӣ вориди кишварашон шаванд, то бад-ин тариқ пешрафти иқтисодии он кишварҳо низ таъмин шавад. Русия низ дар ин замина истисно нест.
Сударшан Канагараҷаё, мудири бахши Бонки ҷаҳонӣ дар умури муҳоҷират дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: "Имрӯз ҳар кас метавонад бигӯяд, ки беш аз 90 дарсади муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия касби зарурӣ надоранд. Албатта, ин раванд наметавонад давом ёбад, зеро иқтисоди Русия дар ҳоли тағйир аст, пеш меравад, таҷдид мешавад. Барои ҳамин Русия ба муҳоҷирони кории дигар ниёз дорад. Масалан, барои сохтмон ин кишвар ба як гурӯҳи муҳоҷирони корӣ ниёз дорад, вале барои тавлидоти санъатӣ ба муҳоҷирони дигар. Ин таҷрубаи ҷаҳонист".
Ба ақидаи коршиносон, танҳо бо таҳияи қонунҳои муҳоҷират ва ҳамоҳанг кардани он бо меъёрҳои ҷаҳонӣ наметавон заминаҳои комёбии муҳоҷирати кориро таъмин кард. Муҳоҷирони корӣ низ худашон дар ин роҳ бояд талош кунанд. Онҳо барои худ замоне кори хуб пайдо мекунад, ки равандҳои рушди иқтисодро дар назар бигиранд ва касби худро ба он мутобиқ созанд.