Дар вокуниш ба изҳороти Кореяи Шимолӣ, ки аз таъсиси як иншооти нави ғанисозии уран хабар додааст, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида, Стефан Босвортс дар нишасти хабарӣ дар Токио гуфт: "Мо ин таҳаввулро хеле ҷиддӣ мегирем. Мо онро як бӯҳрон намешуморем, аммо ин як таҳаввули хеле ҷиддист. Ба бовари мо, Кореяи Шимолӣ ба нақзи теъдоди зиёди созишномаҳои байнулмилалӣ, ки вориди онҳо шудааст, роҳ дод ва ҳам қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро вайрон кард."