Нахустин корхонаи ғизои ҳалол дар Тотористон

Дар ҷумҳурии Тотористони Русия нахустин корхонаи тавлиди маҳсулоти ҳалол ба фаъолият шурӯъ кард. Муассиси ширкати “Halal Industrial Park” Линор Ёқубов гуфт, корхонаи ӯ 30 навъи маҳсулоти аз нигоҳи шариат ҳалол, бо шумули гӯшту ҳасиб ва орду шириниҳоро арза хоҳад кард. Ин корхона дар майдони 4 ҳектар бино шуда, ҳудуди 200 коргар дорад. Ёқубов гуфт, фикри сохтани чунин корхона дар Малайзия ба сараш омад ва мехоҳад, дар оянда кори ширкати худро боз ҳам густариш диҳад.
Ҳудуди 20 миллион аз ҷамъияти Русия мусалмононанд ва тайи солҳои охир тиҷорати маҳсулоти ҳалол дар минтақаҳои умдатан мусалмоннишини ин кишвар равнақ ёфтааст.