Чархаи ниругоҳи "Помир-1" аз роҳи Ӯши Қирғизистон омад

Бино ба хабари "Азия-Плюс", ахиран чархаи нави ниругоҳи барқи обии "Помир-1" аз Ҳиндустон ба Хоруғ расонда шуд. Интиқоли он се моҳро дар бар гирифт. Ин чархаро ширкати BHEL-и Ҳиндустон бо дархости ширкати Помир Энержӣ сохт. Чарха моҳи марти соли ҷорӣ сохта шуда буд, вале ба сабабҳои техникӣ он танҳо се моҳи пеш тавассути бандари Аббоси Эрон бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмиллалии Пул "ба роҳ баромад". Ин чарха 40 тон вазн дорад, ба ҳамин сабаб аз роҳи Туркманистон ба Ӯзбакистон ва ба шаҳри Ӯши Қирғизистон интиқол дода шуд. Сипас аз Ӯш ба Хоруғ оварда шуд.