Дар натиҷаи ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишин дар шимоли ғарби Покистон 7 шӯришӣ, аз ҷумла як раҳбари шӯришиён, кушта шудаанд. Бо такя ба маълумоти мақомоти расмии кашф, хабарнигори радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки Мустафо Қурейшӣ-раҳбари шӯришиён низ дар миёни кушташудагон дар урдугоҳи деҳаи Хаддӣ дар Вазиристони Шимолӣ будааст. Ин минтақа дар наздикии марз бо Афғонистон қарор дорад ва он тақрибан нимамухтор ва бештар зери контроли шӯришиён қарор дорад.