Кӯмакҳои молии Аврупо ба Ирландия баррасӣ мешавад

Қарор аст, имрӯз мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул ҷузъиёти бастаи кӯмакҳои молӣ ба Ирландияро баррасӣ кунанд. Рӯзи якшанбе Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул ба тавофуқ расиданд, ки ба Ирландия ба андозаи 80 то 90 миллиард евро кӯмак кунанд, то ин кишвар битавонад бо бӯҳрони бонкӣ ва касри будҷа мубориза кунад. Мақомоти расмӣ умед доранд, ки ин иқдом суботи бозорҳои молиро таъмин мекунад ва ба кишварҳои дигари узви Иттиҳодияи Аврупо, ба вижа ба Португалия ва Испания, таъсир намегузорад.