Нигаронӣ аз корхонаи нави урани Кореяи шимолӣ

Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико гуфт, ифтитоҳи корхонаи нави ғанисозии уран дар Кореяи шимолӣ ҳокист, ки ин “кишвари хатарнок" буда, дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист. Адмирал Майк Муллен гуфт, Русияву Чину Амрико ва Ҷопону Кореяи ҷанубӣ - ҷонибҳои музокироти шашгона бо Пхенян бояд муштаракан рӯи фишор ба раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ир биандешанд. "The New York Times" аз қавли донишманди улуми ҳастаии Амрико Зигфрид Ҳекер, ки барои назорати мунтазам аз таъсисоти ҳастаии Кореяи шимолӣ иҷозат мегирифт, навишт, ки ӯ аз корхонаи нави он кишвар ба шигифт омадааст. Ҳекер гуфтааст, ки мақомоти Пхенян ба ӯ дар бораи корбурди 2000 сентрифуга дар ин корхона сӯҳбат кардаанд. Стивен Босворф, намояндаи аршади Амрико дар умури Кореяи шимолӣ шаби гузашта ба хотири баҳси мавзӯъ бо мақомоти минтақа вориди Сеул шуд.