Масъулини созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, зимни сӯҳбат бо афроде, ки муҳоҷирӣ мавсимии корианд, маълум кардаанд, ки шумори афроди дубора аз Русия ихроҷшуда афзоиш ёфтааст.
Гулчеҳра Муродова, як масъули ин созмони ҷамъиятӣ мегӯяд, барои кӯмаки ҳуқуқӣ дар ин замина ба онҳо нафарони зиёде муроҷиат мекунанд, вале ҳанӯз ҳам онҳо иллати дубора ихроҷшавии шаҳрвандонро пайдо накардаанд.
Хонум Гулчеҳра мегӯяд: «Бештари онҳо ба мӯҳлати 5 сол депортатсия шудаанд. Шояд барои баъзеҳо аз ҳамин мӯҳлат моҳ боқӣ монда бошад, ки онҳоро пеш мекунанд ё чизи дигар, ки мо кушиш дорем, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ бирасонем. Барои муҳоҷирон мушкил аст, ки қарз карда мераванд ва дубора депортатсия мешаванд».
Аммо дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Фаттоев, сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Умури Дохила дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ки то ҳанӯз омори ихроҷшудагонро рӯи даст надоранд ва наметавонад, дар ин маврид сӯҳбат кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирон мегӯянд, онҳо бидуни ҳеҷ далеле ихроҷ шудаанд ва танҳо гуноҳашон ин будааст, ки панҷ сол қабл ихроҷ гаштаанд.
Хонум Гулчеҳра мегӯяд, онҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон омодаанд, ройгон ба тамоми муроҷиаткунандагон кӯмак кунанд. Вай афзуд: «Онҳо, ки дар муҳоҷират ба кори маҷбурӣ ҷалб шудаанд ва фурухта шудаанд ё умуман дар самти ҳуҷатгузориву дигару дигар мушкилот доранд, ба мо муроҷиат кунанд, ҳатман дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудартии ду кишвар-Русия ва Тоҷикистон ба онҳо кӯмак мерасонем. Ҳар муҳоҷире, ки ба телефони мо, 93 579 00 16 занг занад, мо кушиш мекунем, ки ба кӯмакаш бирасем».
Созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» феълан тибқи як лоиҳа барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо шуғл дорад.