Нахустин гуфтугӯи Эмин Миллӣ баъди раҳоӣ аз зиндон

Блогнависи озарӣ Эмин Миллӣ рӯзи ҷумъа билофосила баъди раҳоияш аз зиндон ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, қазияи ӯ таваҷҷӯҳро ба масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон ҷалб кунад: “Ҳукми ман натиҷаи мурофиаи ноодилона буд. Ман то ҳол мантиқи ин ҳукмро намефаҳмам. Он комилан ноодилона буд. Афроди зиёде ба чунин ноадолатӣ дучор мешаванд, вале касе ба онҳо таваҷҷӯҳ намекунад. Ман умедворам, ки додгоҳи мо ба ҳимояти беҳтар аз ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон мусоидат кунад.”
Додгоҳи Озарбойҷон дастури раҳоии Эмин Миллиро рӯзи ҷумъа содир кард. Ҳамқалами ӯ Аднон Ҳоҷизода рӯзи панҷшанбе аз зиндон раҳо ёфта буд. Ин ду блогнавис дар моҳи ноябри соли 2009, 5 моҳ баъд аз як занозанӣ дар тарабхонае дар Боку бо ҷурми авбошӣ ба 2 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Аммо ҳарду блогнавис ҳукми зиндони худро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ унвон мекунанд.
Аднон Ҳоҷизода ва Эмин Миллӣ дар пайи дар Интернет гузоштани навори видеоии нишасти хабарии як хар, ки амалкардҳои давлатро ба танз мекашид, ҳукми зиндон гирифтанд, ки ин боиси бурузи нигаронии гурӯҳҳои дифоъ аз озодии матбуот ва мақомоти хориҷӣ аз вазъи озодии матбуот дар Озарбойҷон шуд.