Куммиссиюни интихоботи Беларус барои ширкат дар интихоботи моҳи декабри раёсати ин ҷумҳурӣ 10 номзад, бо шумули президенти феълӣ Аляксандр Лукашенкаро сабтином кардааст. Натоиҷи назарсанҷии ахире, ки Пажӯҳишгоҳи мустақили таҳқиқоти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ бар пояи пурсиши беш аз 1500 нафар анҷом додааст, ҳокист, ки 44 дарсади мардум аз интихоби дигарбораи Лукашенка ба симати раҳбарии кишвар ҳимоят мекунанд. Вале чунин фоизи пуштибонӣ кофӣ нест, ки ӯ алакай дар даври аввал баранда шавад. Бар асоси ин назарсанҷӣ, мизони ҳимоят аз соъири номзадҳо дар маҷмӯъ зери 27 дарсад буда, ҳудуди 30 дарсади мардум ҳанӯз номзади худро интихоб накардаанд ваё аз ифшои тасмими худ дар ин маврид худдорӣ мекунанд.