Рӯзи сешанбе вазирони молияи 15 кишвари қаламрави истифодаи пули евро дар мулоқоти худ дар Бруссел ба тавофуқ расидаанд, ки агар бахши бонкии Ирландия дархости кӯмак кунад, онҳо омодаи чунин кӯмак ҳастанд. Ирландия мегӯяд ба маблағи наҷот ё наҷоти молӣ эҳтиёҷ надорад, агар дар ҷараёни наҷоти бонкҳо ба касри бузурги будҷа рӯ ба рӯ нашавад. Олли Реҳн-комиссари умури иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе гуфт, Ирландия ӯҳдадор шудааст, ки бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул барои наҷоти молии бонкҳо ҳамкорӣ кунад.
"Дар чунин шароит мақомоти Ирландия ӯҳдадор шудаанд, ки бо комиссари иқтисодӣ, бо Бонки Марказии Аврупо ва бо Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳамкорӣ кунад, то беҳтарин роҳи таҳияи кӯмакҳо барои рафъи хатар фароҳам шавад, ба вижа дар бахши ба хатарафтодаи бонкӣ".
Рӯзи сешнбе Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо ҳушдор дод, ки 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар натиҷаи бӯҳрони ахир метавонанд дар оянда ба мушкил рӯ ба рӯ шаванд.