Дар Қирғизистон додгоҳи Қурмонбек Боқиев оғоз шуд

Дар Қирғизистон мурофиаи додгоҳии Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ва 27 нафари дигар аз ёронаш дар робита бо тирандозӣ ба сӯи мардум дар рӯзҳои тазоҳуроти моҳи апрел шурӯъ шуд. Дар ҳодисаҳои моҳи апрел 87 нафар кушта, тақрибан 100 нафари дигар захмӣ шудаанд ва ин ҳодисаҳо бо барканории Қурмонбек Боқиев анҷом ёфт. Додситонҳо мегӯянд, Боқиев ба нируҳои мусаллаҳ дастур додааст, ки бар зидди тазоҳуркунандагон оташ кушоянд. Онҳо бар зидди сиёсатҳои Боқиев эътироз мекарданд. Боқиев ва панҷ нафари дигар, аз ҷумла писари калониаш ва бародараш дар мурофиа ҳузур надоранд. Садҳо нафар хешовандони қурбониён дар назди бинои додгоҳ гирдиҳам омадаанд ва даъват мекунанд, ки Боқиев ва ёронаш ба ҷазои аъмоли худ бирасанд.