Порлумони Эрон бо тасвиби як қонун раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро аз раёсат дар Маҷмаи умумии Бонки марказии ин кишвар маҳрум кард. Ин қонун ҳамчунин Аҳмадинажодро аз ҳаққи таъини раис ва муовинони раиси Бонки марказӣ маҳрум мекунад. Бино ба қонуни нав теъдоди аъзои ҳукумат дар шӯрои бонк коҳиш ёфта, дар ивази онҳо ҳафт иқтисодишиноси мустақил, додситони кулл ва раиси утоқи тиҷоратии Эрон ба узвият пазируфта хоҳанд шуд.