Таъини замони гуфтушуниди Эрон ва қудратҳои ғарбӣ

Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ин кишвар ба замони баргузории даври нави гуфтушунид бо қудратҳои ғарбӣ ризоият дода, аммо макони музокиротро муайян накардааст. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Кетрин Эштон пешниҳод карда буд, ки гуфтушунид рӯзи 5-уми декабр дар Вена ба амал ояд, аммо Эрон ба баргузории музокирот дар Истанбули Туркия бартарӣ медиҳад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст, имрӯз такрор кард, ки кишвараш намехоҳад, гуфтушунид бо Британия, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Чин ва Олмон ба талабҳои байнулмилалии қатъи ғанисозии уран тамаркуз ёбанд. Музокироте, ки моҳҳост вориди бунбаст шудааст, ба нигарониҳои Ғарб расидагӣ мекунад, ки мегӯяд, Эрон дар пайи бунёди силоҳи ҳастаист, вале Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад.