Human Rights Watch and Amnesty International хостори раҳоии хабарнигори озарӣ Айнулло Фатҳуллоев шудаанд. Ин 2 гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз Додгоҳи олии Озарбойҷон интиқод кардаанд, ки натавонист ҳукми Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба раҳоии Фатҳуллоевро пурра иҷро кунад. Ин додгоҳ дар 11 ноябр бархе иттиҳомоти алайҳи хабарнигори зиндонӣ, аз ҷумла таҳрики терроризм ва адовати қавмиро лағв кард, вале ҷароими марбут ба маводи мухаддирро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Фатҳуллоев дар соли 2007 ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуда буд. Вале ба эътиқоди хабарнигор, ҳукми ӯ интиқоми мақомот барои матолиби интиқодии ӯст. Дар моҳи апрел Додгоҳи Аврупо аз ӯ ҳимоят карда, бо далели нақзи ҳаққи Фатҳуллоев ба озодии баён ва муҳокимаи мунсифона Озарбойҷонро 25 000 евро ҷарима баст.