Нишони биринҷии Расул Боқиев дар Бозиҳои Осиё

Нахустин нишони Бозиҳои 16-уми Осиё дар Гуанчжоуи Чин барои тими Тоҷикистонро гӯштигир Расул Боқиев овард. Паҳлавони тоҷик дар вазни 73 кило дар гуштии дзюдо сазовори нишони биринҷӣ шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин мусобиқот аз Тоҷикистон 62 варзишкор дар 16 навъи варзиш ширкат мекунанд. Дар Бозиҳои 16-уми Осиё беш аз 10 100 варзишгар аз 45 кишвари ин қора ширкат доранд.