Тошканд тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои 16-17-уми ноябр конфронси байнулмилалиеро дар бораи мушкили хушкшавии баҳри Арал баргузор кунад. Ҳайати Тоҷикистон барои ширкат дар кори ин конфронс ба Тошканд даъват нашудааст. Дар остонаи ин конфронс Комиссиюни байнулмилалии таҳқиқи сарбандҳои бузург дар Тоҷикистон ё TajCOLD мегӯяд, Узбакистон дар давоми даҳсолаҳои ахир пинҳонӣ ва бидуни машварат бо кишварҳои ҳавзаи Арал дар қаламрави худ 75 обанбор бунёд кардааст, дар ҳоле ки тибқи мувофиқатномаҳои мавҷуда ин тарҳҳо бояд бо кишварҳои ҳавзаи Арал ҳамоҳанг мешуд. Ҳомид Орифов-дабири ин комиссиюн ба хабарнигорон гуфтааст, Узбакистон дар ин обанборҳо оби рӯдхонаҳои Сир ва Омуро барои обёрии киштзорҳои паҳновари худ ва бар зарари баҳри Арал ҷамъоварӣ мекунад.