Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Ҷопонро тарк кард ва бад-ин тариқ ба силсилаи боздидҳои 10-рӯзаи худ аз кишварҳои Осиё хотима бахшид. Қабл аз бозгашт ба Амрико субҳи имрӯз Барак Обама бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи стротегӣ ё СТАРТ-ро баррасӣ карданд. То ҳол ин аҳднома дар Сенати Амрико ба мухолифат рӯ ба рӯст. Аҳдномаи нави ҷонибҳо моҳи апрел имзо шуда буд, вале он бояд дар Сенати Амрико ба тасвиб расад. Обама баъд аз мулоқот бо Медведев ба аҳамияти ин аҳднома таъкид кард ва изҳор дошт, ки ҳар ду ҷониб бояд кулоҳакҳои ҳастаии худро то 30 дарсадӣ коҳиш диҳанд.