Дар шаҳри Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон Аҳрор Сияровро аз табақаи панҷуми биное ба поён андохтаанд. Бо амри тасодуф Аҳрор зинда мондааст. Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов ва ҳам худи Аҳрор мегӯянд, сабаб ин будааст, ки вай баъд аз се моҳи кор дастмуздашро аз кордиҳанда тақозо кардааст
Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов Фаррух Мирзоев дар бораи ин ҳодиса ва сабабҳои он гуфт: "Сияров Аҳрор аз ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ барои кор ба вилояти Свердлов омада буд ва дар ҳамин ҷо баъд аз се моҳ, вақте ки Аҳрор аз кордиҳандаи худ маош талаб мекунад, онҳо мегӯянд, ки мо ба ту маош намедиҳем ва бар зидди вай ду нафар шаҳрвандони Кореяи Шимолиро равон мекунанд, ба баҳонаи он, ки гӯё Аҳрор телефони онҳоро дуздида бошад. Онҳо ду нафар даромада, ба раҳбарии ҳамон саркорашон, ки шаҳрванди Русия мебошад, Аҳрорро бо оҳанпораҳо мезананд ва аз ошёнаи панҷуми бино ба берун мепартоянд".
Ҷаноби Мирзоев, мегӯяд, ҳарчанд хушбахтона, Аҳрор зинда монд, "вазъи саломатияш на он қадар хуб аст, чунки сутунмӯҳрааш шикастааст ва ҳар ду дасту пойҳои вай дар қолабҳои гаҷ буда, ӯ дар беморхонаи рақами 24-и шаҳри Екатеринбург хобидааст ва ниёз ба ҷарроҳӣ дорад."
Озодӣ: Ва оё шахсони гунаҳгор боздошт шудаанд? Пулис ё мақомоти интизомии Русия тадбире ҷустаанд барои ба муҷозот кашондани ин гунаҳгорон?
Фаррух Мирзоев: "Бале, рӯзи шанбе онҳо бори дигар Аҳрорро аҳволпурсӣ карданд, аз вай нишондод гирфтанд ва шояд, ки он ду шаврванди Кореяи Шимолӣ ва он кордиҳандаи русро ба ҷавобгарӣ кашанд, чунки намояндаи ҷамъияти тоҷиконе, ки аз тарафи ман дар он ҷо гузошта шудааст, вайро ҳам барои нишондод гирифтан ба яке аз шӯъбаҳои корҳои дохилаи шаҳри Екатеринбург даъват кардаанд".
Озодӣ: Оё кордиҳандагон ҳам дар ин ҷо гунаҳгор дониста мешаванд?
Фаррух Мирзоев: "Ман гумон дорам, баъд аз он ки мо дар робита бо ин ҳодиса ба кор шурӯъ кардем, ҳар яки онҳо аз тарафи ҳукуматдорони вазорати корҳои дохила ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, чунки онҳо то ҳмон рӯз кӯшиш мекарданд, ки камтар ёрдам кунанд, вале худро аз ҷавобгарӣ дур мекашиданд ва худро бегуноҳ ҳисоб мекарданд. Вале ба назари ман, баъд аз гузаронидани ҳамаи корҳои тафтишотӣ онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳозир кордиҳандаҳо аксари хароҷоти Аҳрор Сияровро ба гардан гирифтаанд".
Мо бо кӯмаки Фаррух Мирзоев телефонӣ худи Аҳрорро низ дар бемористони рақами 24-и Екатеринбург пайдо кардем. Бо вуҷуди ин ки дарди ҷонкоҳ тамоми вуҷуди вайро ба сӯзиш меовард, вай бо сутунмӯҳраи шикаста ва бо як дасту як пои шикаста ва ҷароҳатҳои дигари сангин, гоҳ-гоҳ худро ба даст мегирифт, то ба суолҳои мо посух медод. Ёдовар мешавем, ки вай бо машаққат сӯҳбат мекард ва дар он лаҳзаҳо дардро гӯё дар вуҷудаш фурӯ мебурд то аз садояш эҳсоси дард наояд. Вай таваққуф мекарду гап мезад, таваққуф мекарду оҳ мекашид ва боз сӯҳбатро идома медод, ки рӯи коғаз овардани он кори мушкилест. Дар оғози сӯҳбат бо Аҳрор аз вай дар бораи саломатиаш пурсидам:
Аҳрор: Саломатӣ.... ҳозир, сутурмӯҳра... азоб дода истодааст.... сахт азоб медиҳад.... по-почаву даст, почаи рост ва дасти чап...
Озодӣ: Чӣ шудааст, шикастааст ё зарб хӯрдааст?
Аҳрор: Шикастагӣ..., ҳо... шикастагӣ...
Озодӣ: Ҳодиса чӣ хел шуд ва ин одамон киҳо буданд, ки шморо аз ошёнаи 5-уми бино ба замин партофтаанд?
Аҳрор: Да сохтмон... кор мекардам,.... се моҳ кор кардам,... маоши корима надоданд, ман маҷбур шудам, ки бо соҳиби кор..., яъне шахсе, ки моро кор мефармояд, ... ман гуфтам, ки ойлики мана те,... ман ба хона очамда пул роҳӣ кардан даркор... Ман то кай да инҷа ба шумо бепул кор мекунам... Вай гуфт, ки не... ойлик нест... То шумо да ҳамин ҷа ай сари нав кор накунед, то охира кора тамом накунед,... ойликотона намегиред. Хай... майлаш гуфтам...Як бор ай сари нав кардам, то охира тамом кардам... дуюм бор кардам... сеюм бор кардам,... маошама надоданд...
Озодӣ: Шумо аз даъво мегузаред, агар онҳо гӯянд, ки ба шумо кӯмак мекунанд, пули муолиҷаро медиҳанд, агар шумо аз даъво гузаред ва даъво накунед?
Аҳрор: ... ман намехоҳам гузарам...
Озодӣ: Ва шумо дар оянда чӣ кор карданӣ ҳастед акнун?
Аҳрор: (гиря садояшро пахш мекунад ва нафас дар гулӯяш гиреҳ мехӯрад) Оянда ин ҷо барои ... ҷарроҳӣ маблағи калон гуфта истодаанд... Ҳозир маслаҳат кардем, ... мехоҳанд, ки ба ватан баранду дар он ҷо ҷарроҳӣ кунанд...
Озодӣ: Чаро мехоҳанд шуморо зуд ба Тоҷикистон баранд, вақте, ки корҳои тафтишотӣ ба охир нарасидааст?
Аҳрор: Барое ки дарди ман... рӯз ба рӯз сахт шуда исттодааст...
Озодӣ: Ин ҷо беҳтар нест, ки шояд дар ин ҷо духтурон беҳтар бошанду ҷарроҳӣ кунанд?
Аҳрор: Намедонам...
Дар вокуниш ба ин ҳодиса кормандони радиои Озодӣ дар Душанбе ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон занг заданд. Сухангӯи вазорат гуфт, ки онҳо аз ин ҳодиса хабар доранд ва чун рӯзи истироҳат аст, шояд рӯзи душанбе ин ҳодисаро биомӯзанд ва ба он посух диҳанд.