СММ ва кишварҳои ғарбӣ аз раҳоии Сан Су Чӣ истиқбол карданд

СММ ва ҳукуматҳои кишварҳои Ғарбӣ аз раҳоии хонум Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари ҷонибдорони демократия дар Мианмар аз ҳабси хонагӣ истиқбол карданд. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ эъломияе ба нашр расонд ва дар он Сан Су Чи-ро манбаи илҳом барои ҷаҳониён донист. Вай ҳамзамон аз режими Мианмар хост, ки зиндониёни дигари сисёсиро низ раҳо кунад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Аунг Сан Су Чиро "қаҳрамон" арзёбӣ кард. Ангела Меркел- нахуствазири Олмон Су Чиро самбули мубориза барои ҳуқуқи башар номид.