Таркиши пурқурбонӣ дар маркази Карочии Покистон

Мақомоти покистонӣ ва шоҳидон мегӯянд, таркиши қавие маркази калонтарин шаҳри Покистон, Каричиро такон дода, бинои полисро тахриб кард. Бар асари таркиш 15 нафар кушта ва зиёда аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Инфиҷори мошини бомбагузоришуда маркази тақҳиқи ҷиноии полисро вайрон кардааст. Ин марказ дар минтақаи зери чораҳои амниятӣ ва дар ҳамсоягӣ бо бинои ҳукумати шаҳр, консулгарии Иёлоти Муттаҳида ва манзили волии аёлат ҷойгир шудааст.