Гирдиҳамоии муштариёни "Мовароуннаҳр" дар Душанбе

Имрӯз дар баробари шаҳрдории Душанбе даҳҳо муштариёни ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” гирди ҳам омада талаби бозгардони маблағҳояшонро пеш гузоштанд. Рӯзи 9 ноябри соли ҷорӣ Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр» аз сӯи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Ҳарчанд ҳоло иттиҳомот алайҳи ӯ мушаххас нест, вале қаблан бархе аз масъулин аз вазъияти бади ин ширкати сохтмонӣ ва эҳтимоли муфлис эълон шудани он хабар дода буданд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин ширкат, ки умдатан бар асоси пешпардохти муштариён ва ҷалби қарзи бонкҳои кишвар хона месохт, дар сарф ва харҷи ин маблағҳо ба тақаллуб роҳ додааст. Дар миёни гирдиҳамомадагон аксар занон мебошанд ва онҳо талаб доранд, ки яке аз мақомоти шаҳрдорӣ ба суолҳои онҳо посух диҳад. Азия-Плюс аз қавли як зани эътирозгар навиштааст, ки ҳанӯз панҷ сол пеш 104 ҳазор долларашро барои хонаи нави оянда дар маҳаллаи 82-юми пойтахт пешбардохт карда будааст, вале алорағми ваъдаи дар се сол сохта ба истифода дода шудани манзили нав то ҳол на хона ва на пулашро ба даст оварда наметавонад. Ин манбаъ мегӯяд, ки гирдиҳамоии муштариёни “Мовароуннаҳр”-ро раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе назорат мекунад.