Президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва Русия, Барак Обама ва Дмитрий Медведев қарор аст имрӯз бо раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао ба таври ҷудогона дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои пешрафтаи саноатӣ, Ҷӣ-20, дар Сеул, пойтахти Кореия Ҷанубӣ, мулоқот кунанд. Дар арафаи ин дидорҳо, Обама, рӯзи чаҳоршанбе аз сарони ҷаҳон хост, ихтилофотро канор гузоранд ва барои раҳоии босуръат аз бӯҳрон ҳамкорӣ кунанд. Дар номае ба унвони нишаст, Обама гуфтааст, муштариёни амрикоӣ, ки аз кишварҳои дигар молу коло мехаранд, наметавонанд, ба танҳоӣ рушди иқтисодиро эҳё намоянд. Ва ҳамаи кишварҳо бояд масъулият бар дӯш гирифта, такия ба экпортро камтар кунанд ва ба рушди умумӣ кӯмак намоянд. Мақомоти Амрико номувозанатии иқтисодии ҷаҳон ва қисман ҳифзи сунъии қурби пули Чинро сабаби рукуди иқтисодӣ мешуморанд. Аммо Чин ва Олмон тасмими ахири Бонки марказии Амрикоро, ки ба иқтисодиёташ 600 миллиард доллар гузоштанист, ҳадафи танқид қарор доданд.