Пулис мегӯяд, Адамчук худаш ҳамларо тарроҳӣ кардааст

Имрӯз вазорати дохилаи Русия Анатолий Адамчук-рӯзноманигореро барои як ҳамлаи бардурӯғ ба вай муттаҳам кард. Ба қавли пулис, Адамчук гӯё худаш ин ҳамларо созмон додааст, то аз муҷозот дар канор бимонад. Ин рӯзноманигор баъд аз ин ҳамла дар беморхона бистарӣ шудааст. Вай дар бораи тарҳи сохтмони роҳе, ки аз ҷангали Химкии назди Маскав мегузарад, мақолаи зиддунақиз чоп кардааст. Пулиси Маскав мегӯяд, мумкин аст Адамчук барои тӯҳмат ба пулис ба додгоҳ кашонда шавад. Аммо Адамчук ҳамаи ин иддаоро рад мекунад.