Раиси ширкати сохтмонии "Мовароурраҳр" боздошт шуд

Ҷӯрабек Охунов-раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" дар Душанбе боздошт шудааст. Ин ширкати ғайридавлатӣ, ки бо хонасозӣ ва фурӯши хонаҳои маскунӣ машғул буд, варшикаста шудааст. Субҳи имрӯз шуморе аз сокинон, ки барои харидории хона ба ширкати «Мовароуннаҳр» пешпардохт кардаанд, дар назди дафтари ин ширкат гирдиҳам омаданд ва аз сарнавишти сармояҳои гузоштаи худ, изҳори нигаронӣ карданд. Ин афрод ҳамчунин ба идораи Додситонии кул муроҷиъат ва хостори раҳоии Охунов шудаанд, то битавонанд маблағҳои гузоштаи худро бозпас бигиранд. Ахиран ин ширкат, ба бӯҳрони молӣ гирифтор шуда буд. Аз як тараф муштариёни он изҳор медоштанд, ки бо вуҷуди пешпардохт барои харидории хона ширкати «Мовароуннаҳр» дар замони тайиншуда ва тибқи қарордод хонаҳои ваъдагиро ба онҳо надодааст. Аз сӯи дигар, масъулини ин ширкат даъво доранд, ки бархе аз муштариёне, ки соҳиби хона шудаанд, бо ҳар далел, то кунун қарзҳои худро дар назди ин ширкат пардохт накардаанд.