Имрӯз дар Душанбе раҳбарони сохторҳои амнияту дифоии ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ масоили мубориза бо терроризм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи инсонро баррасӣ мекунанд. Дар ин нишаст инчунин барномаи кори ин ниҳодҳо дар се соли оянда қабул хоҳад шуд. Яке аз масоили дигари ин нишаст ташкили шӯрои байнидавлатӣ ва шӯрои раҳбарони истихбороти молӣ аст, менависад Интерфакс. Ҳамчунин қарор аст аҳдномае дар заминаи ба роҳ мондани ҷустуҷӯи нафарони мавриди пайгарди қонун дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар қабул шавад.