Ҳалокати даҳҳо зоири эронӣ дар таркишҳои Ироқ

Бино бар хабарҳо аз таркиши мошини бомбгузоришуда дар маҳаллаи фурӯшгоҳҳои Басра, дар ҷануби Ироқ, 10 нафар кушта ва 30 тан захмӣ шудаанд. Полис ва артиш мегӯянд, аз чунин инифҷорҳо рӯзи сешанбе дар шаҳрҳои муқаддаси шиъагон Наҷаф ва Карбало ба камияш 18 нафар кушта шудаанд, ки 10 тани онҳо шаҳрванди Эрон будаанд. Инчунин 60 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки бахши аъзами онҳоро зоирони эронӣ ташкил медиҳанд.