12 маҳбуси зиндони низомаш шадид дар шаҳри Долинкаи вилояти Қарағандаи Қазоқистон имрӯз ба нишони эътироз ба вазъи ногувори маҳбас шикамҳои худро даррондаанд.
Сухангӯи идораи маҳбасҳои Қарағанда Наталя Горина гуфт, ҳамаи ин 12 маҳбус феълан дар бемористони зиндон қарор доранд, вале чигунагии вазъи онҳо ҳанӯз рӯшан нест. Хонум Горина афзуд, таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст.
Бо ин ҳол, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар ва маҳбуси собиқ Вадим Курамшин бо такия ба манобеъи худ вазъи 4 тан аз ин маҳбусони ба ҷони худ қасдкардаро вахим хондааст.
Тайи моҳҳои охир чандин мавриди эътирозҳои ҳамсон дар маҳбасҳои Қазоқистон мушоҳида шуда, фаъолони ҳуқуқи башар аз мақомот хостаанд, вазъи зиндонҳоро беҳтар кунанд.