Бар асари таркиши бомб дар шаҳри барои шиаҳо муқаддаси Карбалои Ироқ дастикам 7 зоир, бо шумули чандин эронӣ кушта ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис мегӯяд, ҳадафи ҳамла зоҳиран як автобуси ҳомили зоирони эронӣ буд. Бино ба бархе хабарҳо, маргталаб мошини бомбгузоришударо болои автобуси зоирони эронӣ рондааст.