Эълони ҳолати омодабоши нерӯҳои марзбони Тоҷикистон

Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар чанд қитъаи отряди марзбонии Панҷ ҳолати омодабош гирифтаанд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС ба нақл аз дафтари матбуоти Раёсати умумии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст. Ин манбаъ ба хабаргузорӣ гуфтааст, тасмими омодабош бар пояи маълумоти иктишофӣ ва иттилооти мақомоти марзбонии Афғонистон дар бораи вуруди як гурӯҳи мусаллаҳ ба минтақаи ҳоили марз гирифта шудааст. Ҳамин манбаъ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ягон мусаллаҳ ба қаламрави Тоҷикистон ворид нашудааст. Моҳи сентябр дар як задухӯрд дар марз наздик ба 20 нафари мусаллаҳ дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ кушта шудаанд.