Мавориди нави полиомелит дар Тоҷикистон сабт нашудааст

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, дар Тоҷикистон то рӯзи якуми ноябр 458 мавриди таъйидшудаи бемории фалаҷи атфол сабт шудааст. Бар асари ин беморӣ, ки моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон хуруҷ кард, бино ба гузоришҳо 26 нафар ҳалок шудаанд ва 15 нафари онҳо кӯдакони то 5 сола будаанд. Дар як гузориши тозаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омадааст, аз 4 июл ба ин сӯ дигар мавриди сирояти фалаҷи атфол дар Тоҷикистон сабт нашудааст ва ғолибан ваксинзании саросарӣ, монеъи густариши беморӣ дар кишвар шудааст. Полиомелит ва ё фалаҷи атфол бемории сироятиест, ки дар сурати таъхир дар дармон инсонро маъюб мекунад ва ё мекушад.