Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ки сафари даҳрӯзааш аз кишварҳои Осиёро аз шаҳри Мумбайи Ҳинд оғоз кард, аз як силсила қарордодҳои дуҷониба миёни Ҳинду Амрико эълом дод. Қарордодҳои мазкур, воридоти тавлидоти амрикоӣ ба Ҳинд, аз ҷумла харидории ҳавопаймоҳои мусофирбар бо арзиши 10 миллиард долларро дар бар мегирад. Барак Обама дар ин бора зимни ҳамоише бо тоҷирони амрикову ҳиндӣ сухан гуфт ва афзуд, “Иёлоти Муттаҳида, дар симои Осиё бахусус Ҳинд, бозори ояндаро” мебинад. Барак Обама, рӯзи якшанбе ба шаҳри Деҳлӣ меравад ва дар онҷо бо Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазир мулоқот хоҳад кард ва дар порлумони Ҳинд низ суханронӣ хоҳад дошт.