Бино ба хабарҳо, шумори қурбониёни ҷӯш задани вулқони Мерапӣ дар Индонезия ба 100 нафар наздик шудааст. Мақомоти тиббӣ дар пайи мавҷи нави алангаи вулқон дар бораи ҳалокати ҳудуди 50 тан ва ҷароҳат бардоштани беш аз 60 тани дигар дар ҷазираи марказии Ява хабар доданд. Ин вулқон аз 26 октябр ба ҷӯш задан шурӯъ кард ва то ҳол ҳазорон нафарро аз маҳалли хатарзо кӯч доданд, вале рӯшан нест, ки мавҷи нави алангаи вулқон чигуна боз ҳам теъдоде аз мардумро зер кардааст.