Сарони амниятии ИДМ дар Душанбе ҷамъ мешаванд

Раҳбарони хадамоти амниятии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ(ИДМ) дар ҳафтаи оянда дар Душанбе ташкили ҷаласа хоҳанд кард. Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар иҷлоси 29-уми Шӯрои сарони ниҳодҳои амниятии ин созмон аз 8 то 10 ноябр масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла зери чатри ҷунбишҳои мазҳабиро баҳс хоҳад шуд. Мубориза бо қочоқи инсон ва таъмини амнияти низомиву марзӣ аз дигар масоили мавриди баррасӣ дар ин иҷлос ном бурда мешавад.
Нишасти сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои пасошӯравӣ дар Душанбе дар ҳоле доир мешавад, ки нирӯҳои амниятиву интизомии Тоҷикистон ду моҳ ба ин сӯ дар водии Рашт алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат амалиёти вижае ба роҳ андохтаанд.