Як сомонаи интернетӣ бо номи catalogmineralov.ru хабар додааст, ки дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ тавлиди тилло нисбат ба соли 2009 тақрибан 56 дарсад афзоиш ёфтааст. Бино ба хабари ин манбаъ, аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ 1,27 тон тилло истихроҷ шудаст. Ба нақша гирифта шудааст, ки то поёни сол якуним тон тилло истихроҷ шавад. "Зарафшон" бузургтарин корхонаи истихроҷи тиллои Тоҷикистон ба шумор меравад ва он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин аст. Ширкати чиноии «ZiJin Mining Group Co.Ltd» ба нақша гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи тасфияи тилло созад ва то соли 2014 истихроҷи ин маъданро дар Тоҷикистон соле то ба 4 тон расонад.