Борис Тадич барои куштори солҳои ҷанг узрхоҳӣ кард

Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон барои куштори дастаҷамъонаи соли 1991 дар Вуковар узр хост. Дар авоили солҳои 1990-ӯм сербҳо бар зидди хорватҳо даст ба ваҳшоният заданд. Тадич нахустин раҳбари сербҳост, ки аз Ойчара боздид мекунад, аз маҳале, ки дар наздикии шаҳраки Вуковар гӯри дастаҷамъӣ қарор дорад. Дар соли 1991 зери фармондеҳии артиши сербҳо шӯришиён тақрибан 260 хорватро ба қатл расонданд. Тадич бар пояи лавҳаи ёдгории қурбониён гулчанбар гузошт. Ин боздиди Борис Тадич қадаме ба сӯи мусолиҳаи ду миллат арзёбӣ мешавад, ки барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо талош доранд.