Куштори ҷангиҳои гумонбар дар Вазиристон

Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, эҳтимолан як ҳавопаймои бидуни халабони амрикоӣ имрӯз дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Покистон дасти кам чаҳор ҷангиро кушта бар ҷой гузошт. Мақомоте, ки аз онҳо ном бурда намешавад, мегӯянд, ки ин ҳодиса дар Мироншоҳ, шаҳри аслии қабиланишини Вазиристони Шимолӣ, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, рӯй дод. Хабар ҳокист, ки дар паи таркиши гулӯлае мошини ҷангиҳои гумонбар мунфаҷир кард. Ҳанӯз ҳуввияти кушташудаҳо маълум нест.