Додгоҳи шаҳри Маскав эълон кард, ки 15-ӯми декабр ба қироати ҳукми Михаил Ходорковский-ғули нафтии зиндонии Русия шурӯъ мекунад. Вай ва ҳамкораш Платон Лебедев барои дуздии нафт ба арзиши 27 миллиард доллар дар солҳои 1998-2003 муттаҳам дониста мешаванд. Ходорковский ҳоло мӯҳлати 8 солаи зиндонро сипарӣ мекунад ва гуфта мешавад, ки вай барои рақобат бо Владимир Путин-раҳбари вақти Русия ба чунин муҷозот кашида шудааст. Ҳоло вай бори дуввум барои фасоди молӣ маҳкум мешавад ва имкон дорад, ки то соли 2017 дар зиндон бимонад. Ходорковский дар охирин суханронии худ дар мурофиаи додгоҳ гуфт:
"Бад-ин тариқ кас бовар намекунад, ки дар додгоҳи Маскав роҷеъ ба парвандаи Юкос ҳукми сафедкунанда имкон дорад".
Ходорковский ҳамчунин дар додгоҳ гуфт, сарнавишти ҳар шаҳрванди кишвар ба ҳукми додгоҳ вобаста аст.