Шурӯи интихоботи конгресси Амрико

Дар шаҳру иёлоти саросари Амрико нуқтаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи конгресс боз шуданд. Раъйдиҳӣ аз соҳилҳои шарқӣ соатҳои 14 имрӯз ба вақти Душанбе сар шуда қарор аст соатҳои 8 субҳи фардо ба вақти Тоҷикистон дар Аляска хотима ёбад. Раъйдиҳии имрӯза чун интихоботи миёндавраӣ маъруф аст, чунки дар байни давраи раёсатҷумҳурии президент Барак Обама баргузор мешавад. Дар интихобот қарор аст тамоми вакилони 435 курсии Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин беш аз сеяки курсиҳои Сенати Амрико аз нав интихоб шаванд. Пурсишҳои пешазинтихоботӣ ҳокӣ аз он буд, ки номзадҳои ҳизби демократии Барак Обама эҳтимолан контроли парлумонро ба фоидаи ҳизби ҷумҳурихоҳ аз даст хоҳанд дод. Чунин пешгӯиҳо дар нисбати Сенат ҳам карда шудааст. Инчунин имрӯз сокинони иёлоти Калифорния, Флорида, Ню-Йорк, Оҳайо, Пенсилвания ва Техас раҳбарони нави худро интихоб мекунанд.