Кишварҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар парвозҳои худ тадобири амниятиро ташдид бахшидаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш дар парвозҳои ҳавопаймоҳои Яман ба Британия ва Дубай ду бастаи маводи мунфаҷира ё бами покетӣ кашф шуд ва ҳоло гуфта мешавад, ки он бахше аз барномаҳои террористии ал Қоида будааст. Бино ба гузоришҳо, дар ифшои ин амали террористӣ нируҳои кашфи Арабистони Саудӣ ба ҳамкорони ғарбии худ хабар додаанд. Дар вокуниш ба ин амал ҳоло Британияву Олмон, Ҳолланду Фаронса, Канада ва Амрико эълон кардаанд, ки дар парвозҳои Яман тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ кардаанд, то бад-ин тариқ аз хатари эҳтимолӣ пешгирӣ шавад.