Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич гуфт, даҳшати Вуковар, шаҳре дар Хорватия, ки нирӯҳои серб аҳолии онро дар оғози ҷанги солҳои 1991-1995 қатли омм карданд, набояд бори дигар такрор шавад. Ин суханони Тадичро дар пешорӯи сафари муштараки ӯву ҳамтои хорваташ Иво Йосипович ба Вуковар рӯзномаи “Ютарни лист” иқтисоб овардааст.
Ду раҳбари Балкан дар маросими ёдбуд дар Овчара, маҳалле дар наздикии Вуковар, ширкат хоҳанд варзид. Нирӯҳои серб дар ноябри соли 1991 дар пайи тасарруфи шаҳр баъд аз се моҳи муҳосира дар инҷо қариб 200 асир ва ғайринизомии хорватро ба қатл расонданд.
Равобити Белград бо Загреб нисбат ба замони ҷанг беҳтар шуда, бахусус дар аҳди Тадич ва Йосипович тақвият ёфт. Сербистон ва Хорватия ҳарду ҷӯёи узвият дар ИА мебошанд.