Боздошти як гумонбар ба "бомбфиристӣ" дар Яман

Мақомоти амниятии Яман мегӯянд, як зани гумонбар ба ирсоли ду бастаи ҳомили маводи мунфаҷира ба Амрикоро дар манзилаш дар Санъо, пойтахти ин кишвари арабӣ, дастгир кардаанд. Ин ду баста рӯзи ҷумъа дар роҳ ба сӯи Амрико яке дар Бритониё ва дигарӣ дар Дубай кашф шуданд. “ The New York Times” навишт, ки бомбҳои ирсолшуда бо кордонӣ сохта шуда, ба таври ғайримаъмулӣ мураккаб будаанд. Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба хабарнигорон гуфт, кишвараш набардро алайҳи Ал-Қоида “дар ҳамкорӣ бо шарикони худ” идома хоҳад дод. Вале ӯ боисрор таъкид кард, ки Санъо намехоҳад, то касе дар роҳи таъқиби Ал-Қоида дар умури Яман дахолат кунад.”