Шаҳрдории Душанбе иҷоза додааст, то мусофирбарҳои хурде, ки дар пойтахт бо номи “Тангем” маъруфанд ба мусофирбарӣ дар пойтахт шурӯъ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар додааст. Соли гузашта ҳаракати мусофирбарҳои «Тангем» дар роҳҳои марказии шаҳр мамнӯъ шуд, зеро ба гуфтаи мақомот онҳо барои амнияти мусофирон хатар эҷод мекарданд. Ин мусофирбарҳои сохти чинӣ тайи якчанд соли ахир ба навъи аслии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе табдил шудааст. Сокинони Душанбе мегӯянд, ки маҳз ин навъи мусофирбарҳо, мушкили равуо дар пойтахтро осон кардааст.