Теъдоди қурбониёни балои табиӣ дар Индонезия афзуд

Теъдоди қурбониёни сунамӣ ва вулқон дар Индонезия то ба 300 нафар расидааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари заминларза ва сунамии баъди он марги дасти кам 282 нафар собит шудааст ва сарнавишти 400 нафари дигар номаълум мемонад. Заминларза қавии ҳафтуним дараҷаӣ дар ҷазираҳои дурдасти Ментавии Индонезия, сунамиеро дар пай дошт, ки чандин рустоҳои наздисоҳилиро шуста бурд. Айни замон қурбониёни оташфишони фаъол дар кӯҳи Мерапӣ дар 1300 километрии маҳали сунамӣ ба 30 нафар расидааст. Мисванингрум, яке аз табибон дар маҳалли фалокат мегӯяд:" Аз таъсири дуд гулӯи онҳо месӯзад, ба бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком гирифтор мешаванд. Аксарияти бемороне, ки мо то ҳол дорем, кудакон ҳастанд." Cусило Бамбанг Йудҳойоно, раиси ҷумҳури Индонезия имрӯз гуфт, ҳукуматаш талошҳо барои кӯмак ба мардуми осебдидаро идома медиҳад: "Мо талошҳои имдодрасониамонро идома медиҳем, то тавонем ҳарчӣ бештар ҷони мардуми худро ҳифз кунем." Дар миёни қурбониёни оташфишон ҳамчунин рӯҳоние будааст, ки гӯё рӯҳи кӯҳи оташфишонро посбонӣ мекардааст.