Кохи Сафед дар бораи “таъсири манфӣ”-и Эрон ба Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Сухангӯи Кохи Сафед Билл Бёртон аз Эрон даъват кард, дар қиболи давлати Афғонистон нуфузи мусбат нишон диҳад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ ҳам гуфт, Амрико нисбат ба ғаразҳои Эрон дар мавриди ироаи пул ба дафтари раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай нохушбин боқӣ мемонад. Дирӯз Карзай аз Эрон пул гирифтани дафтарашро эътироф кард.
Карзай гуфт, Эрон ба дафтари ӯ соле 2 маротиба ва он ҳам зери 1 миллион доллар пардохт мекард. Аммо рӯзномаи "The New York Times" мегӯяд, Умар Довудзай, сафири собиқи Кобул дар Теҳрон ва раҳбари дафтари Карзай, барои ҳифзи садоқати худ ва пешбурди манфиатҳои Эрон дар Афғонистон аз Теҳрон “халта-халта” пул мегирифт.