ИА маҳдудияти сафар барои мақомоти аршади Беларусро то як соли дигар тамдид кард, вале ҳамзамон тавқиф дар иҷрои ин маҳдудиятҳо низ тамдид шудааст. Нишасти вузарои хориҷаи ИА дар Люксембург гуфт, тасмими ахир ба хотири ташвиқи ислоҳот дар Беларус гирифта шудааст.
Нишаст бо изҳори нигаронӣ дар бораи камбуди пешрафт дар масоили қонунҳои интихоботӣ ва озодии матбуот дар Беларус аз Минск даъват кард, ки дар интихоботи рӯзи 19 декабри раёсати он ҷумҳурӣ мурооти меъёрҳои байналмилалиро замонат диҳад. ИА ироаи раводиди сафар ба раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ва даҳҳо узви аршади давлати ӯро дар пайи интихоботи соли 2006 манъ карда буд.