Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, нисбат ба ғаразҳои Эрон дар мавриди ироаи пул ба Афғонистон нохушбин боқӣ мемонад. Вошингтон мегӯяд, ки Теҳрон собиқаи нақши ғайрисозанда дар қиболи ҳамсояҳояшро дорад. Ин изҳори назар дар пайи изҳороти раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аст, ки аз Эрон пул гирифтани раҳбари дафтарашро эътироф кард. Карзай гуфт, Эрон ба дафтари ӯ соле 2 маротиба ва он ҳам зери 1 миллион доллар пардохт мекард. Аммо рӯзномаи "The New York Times" мегӯяд, Умар Довудзай, сафири собиқи Кобул дар Теҳрон ва раҳбари дафтари Карзай, барои ҳифзи садоқати худ ва пешбурди манфиатҳои Эрон дар Афғонистон аз Теҳрон “халта-халта” пул мегирифт.