Ахиран парвандаи ду сиёсатмадори қирғиз – раиси собиқи ҳизби коммунист Исҳоқ Масолиев ва раиси собиқи дастгоҳи раисиҷумҳури низ пешин Қурмонбек Боқиев Ҳусен Сиддиқов ба додгоҳ ирсол шуд. Мақомот онҳоро ба таҳияи беназмиҳои оммавӣ айбдор мекунанд.
Масолиев ва Сиддиқов моҳи май бар пояи мӯҳтавои як сӯҳбати телефонии миёни онҳо, ки дар он роҳҳои ташкили беназмиҳо дар ҷануби Қирғизистон баҳс мешуд, боздошт шуданд. Масолиев, фарзанди раҳбари собиқи Қирғизистон Абдусамат Масолиев, ки баъди ду ҳафта аз боздошт раҳо шуд, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо “мутлақо бебунёд” меномад.