Як сарбози АЙСАФ дар Афғонистон кушта шуд

Нируҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ дар Афғонистон ё АЙСАФ мегӯянд, дар як ҳамлаи шӯришиён дар шарқи Афғонистон як сарбози онҳо кушта шудааст. Фармондеҳии ин нуруҳо дар бораи миллияти ин сарбоз хабар надодааст. Ин ҳодиса рӯзи якшанбе рух додааст. Бино ба хабари сомонаи интернетии мустақили iCasualties.org соли ҷорӣ дар Афғонистону Ироқ аз нируҳои эътилофӣ тақрибан 600 нафар кушта шудаанд. Аз соли 2001 ба ин сӯ ин бузургтарин рақам ба шумор меравад.