Дастури додгоҳ ба парлумони Ироқ

Додгоҳи олии Ироқ ба парлумон дастур дод, ки баъд аз 7 моҳи сукут сари кор баргардад. Дар пайи интихоботи 7 март 325 вакили парлумони Ироқ ҳамагӣ як бор ва он ҳам барои 20 дақиқа ташкили иҷлосия карданд. Тибқи Қонуни асосӣ, парлумон муваззаф аст дар зарфи 15 рӯз баъд аз ниҳоӣ шудани натоиҷи интихобот аз сӯи додгоҳ ташкили ҷаласа кунад. Додгоҳ натоиҷи интихоботро 1 июн тасвиб кард. Иҷлосияи парлумон рӯзи 14 июн доир шуд ва вакилон мебоист дар нахустин иҷлосияи худ раиси парлумон ва дар зарфи 30 рӯзи дигар раисиҷумҳурро интихоб мекарданд. Аммо музокироти байни аҳзоб бар сари интихоби раҳбарони аршади кишвар, бо шумули сарвазир ва аъзои калидии кобина то кунун идома дорад.